27 Май 2023 - 07:05
Даргирии фаластиниён бо низомиёни саҳюнист дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун

Низомиёни саҳюнист бори дигар ба манотиқи мухталифи Каронаи бохтарии рӯди Урдун ҳамла карданд.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, ишғолгарони саҳюнист рӯзи ҷумъа бо юриш ба хонаҳои фаластинӣ дар Наблос, Ҷанин, Қудс ва Тулкарм, бо фаластиниёни сокини ин шаҳрҳо даргир шуданду вайронаҳои зиёдеро барҷой гузоштанд.

Нерӯҳои муқовимати Фаластин низ бо партоби ботриҳои оташзо ва бомбаҳои дастисоз ба муқобила бо низомиёни артиши режими ишғолгари Қудс бархестанд.

Дар ҷараёни ин даргириҳо шуморе аз фаластиниён захмӣ ва шумори дигар ҳам боздошт шуданд.

342/